Таъкиди Ориф ва Раҳмон бар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ

Дар дидори Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон, ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ду тараф бар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ, иқтисодӣ ва энержӣ ва таҳкими пайвандҳои форсизабонҳо таъкид карданд.
Муҳаммадризо Ориф ва Эмомалӣ Раҳмон дар дидоре бар зарурати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ миёни ду кишвар таъкид карданд. Дар ин мулоқот, таъсиси иттиҳоди кишварҳо ва минтақаҳои форсизабон, ташкил кардани кумитаи олии муштараки забон ва адаби форсӣ ва эҳёи алифбои ниёконии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои матраҳшуда буд.
Бар асоси ин гузориш, ду тараф ҳамчунин рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энержӣ, роҳандозии маркази технологии муштарак, пайваст шудани Тоҷикистон ба обҳои озоди Халиҷи Форс ва истифода аз зарфияти Созмони ҳамкории Шанхайро аз дигар самтҳои ҳамкорӣ ном бурданд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон