Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар ҳошияи CBD COP17 дар Ереван, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо вазири муҳити зисти Арманистон мулоқот карда, роҳҳои густариши ҳамкориро баррасӣ намуд.
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ (CBD COP17) дар шаҳри Ереван, мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири муҳити зисти Ҷумҳурии Арманистон Амбарсум Матевосян баргузор шуд.
Ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо, ҳифз ва мониторинги гуногунии биологӣ, ҳамкории илмӣ-техникӣ ва идоракунии устувори захираҳои биологиро баррасӣ карданд. Баҳодур Шерализода ба ҷониби Арманистон дар бораи ташаббусҳои калидии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқлим, захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо маълумот дод.
Дар мулоқот аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳо дар сатҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъкид гардид. Амбарсум Матевосян ташаббусҳои раёсати Арманистон дар CBD COP17-ро муаррифӣ карда, дар бораи аҳамияти мубодилаи таҷриба ва қадамҳои амалии муштарак сухан гуфт.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»