Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Дарвоз шинос шуданд


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳ шинос шуданд.
АМИТ «Ховар» 2026-10-14 хабар дод, ки имрӯз Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз аз комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» боздид карда, бо фаъолияти он шинос шуданд. Ӯ ҳамчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои милливу маҳаллӣ дидан намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ин маҷмааи сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, дар зиёда аз 2 гектар бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи стандарти байналмилалӣ бунёд шудааст.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»