Ҳайатҳо барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ ба Душанбе меоянд


Дар Душанбе раванди омадани ҳайатҳои иштироккунанда дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай идома дорад. 19 октябри 2026 чанд мансабдори баландпоя аз Қирғизистон, Узбекистон, Покистон ва Беларус ба пойтахти Тоҷикистон расиданд.
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /НИАТ «Ховар»/. Раванди омадани роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва сарвазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон идома дорад.
Нимаи дуюми 19 октябр ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласа ноиби якуми раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Данияр Амангелдиев, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулла Арипов, ноиби сарвазир — вазири корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дар ва Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин омаданд.
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон