Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе баргузор мешавад


Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ таҳти раёсати ҷониби Покистон оғоз ёфт. Дар он масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо ва ҳамчунин самтҳои фаъолияти созмон баррасӣ мешаванд.
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати ҷониби Покистон оғоз гардид. Дар ин бора аз Котиботи СҲШ дар Пекин ба НИАТ «Ховар» хабар додаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин оид ба самтҳои муҳими фаъолияти Созмон дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву башардӯстона ва дигар самтҳо табодули назар сурат мегирад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»