Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
23 October 2026 дар шаҳри Батуми Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок кард. Ҷонибҳо таҳкими муколамаи сиёсӣ, ҳамкории минтақавӣ ва густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, коммуникатсия ва фарҳангро баррасӣ намуданд.
Душанбе, 24.10.2026 / АМИТ «Ховар» /. 23 October 2026 дар шаҳри Батуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории минтақавӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитариро муҳокима намуданд.
Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»