Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар вохӯрии кории вазирони хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард.
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии кории вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табодули афкор анҷом доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин рӯзномаи иҷлосияи дарпешистодаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва раванди омодагӣ ба онро баррасӣ намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»