Дар Сеул Форуми стратегиии сармоягузории «Тоҷикистон — Корея» баргузор шуд


Дар Сеул дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея Форуми стратегиии сармоягузории «Тоҷикистон — Корея» баргузор гардид. Дар он беш аз 250 нафар, аз ҷумла 200 соҳибкору сармоягузори Корея, иштирок карданд.
17 сентябри 2026 дар Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея Форуми стратегиии сармоягузории «Тоҷикистон — Корея» баргузор шуд.
Тибқи иттилои НИАТ «Ховар», дар форум беш аз 250 нафар иштирок доштанд, ки аз онҳо 200 нафар соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея буданд. Ба иштирокдорон имкониятҳои сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»