Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
16 сентябри 2026 дар Сеул, дар доираи ҳамоиши сарони Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «Корея – Осиёи Марказӣ C5+1», Эъломияи Сеул қабул шуд.
17 сентябри 2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 сентябри 2026 дар шаҳри Сеул дар доираи ҳамоиши сарони Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «Корея – Осиёи Марказӣ C5+1» Эъломияи Сеул қабул гардид. Дар санад ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян шуда, он ба таҳкими шарикии бисёрҷониба дар соҳаҳои иқтисод, саноат, илм, зеҳни сунъӣ ва технология равона шудааст. Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди технологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология, табодули дониш ва таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳор намуданд. Қабули ин эъломия қадами муҳим дар таҳкими шарикии Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, барои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар самти зеҳни сунъӣ, илм, технология ва рақамикунонӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»