Ли Чян, раиси Шӯрои давлатии Чин, дар мулоқот бо доктор Аъроф мавқеи Пекинро дар маҳкум кардани амалҳои ИМА ва режими саҳюнистӣ зидди Эрон ва мухолифат ба таҳримҳои якҷониба баён кард.
Ли Чян дар мулоқот бо доктор Аъроф, муовини аввали президент, амалҳои ИМА ва режими саҳюнистӣ зидди Эронро «таҷовузи ошкор» номид ва бар мавқеи равшани Пекин дар маҳкум кардани ин амалҳо таъкид кард.
Вай ҳамчунин мухолифати Чинро ба таҳримҳои якҷонибаи ИМА ёдовар шуд ва гуфт, ки Пекин хоҳони эҳёи созишномаи Исломобод ва дифоъ аз ҳуқуқҳои машрӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ аст.
Дар ин мулоқот ҷониби Чин инчунин иродаи ду кишварро барои густариши муносибатҳои дуҷониба таъкид кард.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон