Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин ёддошти тафоҳум ба имзо расид


Дар Душанбе байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Комиссияи миллии назорати Чин ёддошти тафоҳум имзо шуд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», 19.10.2026 дар Душанбе байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии назорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид.
Ин санад барои таҳкими ҳамкории мустақими мақомоти зиддикоррупсионии ду давлат, рушди муносибатҳои дуҷониба, мубодилаи дониш, иттилоот, таҷриба ва амалияи пешқадам дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия замина фароҳам меорад. Ҳамчунин баргузории машваратҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои муштараки омӯзишию касбӣ пешбинӣ мешавад.
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон