Дар Пекин муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин масъалаҳои ҳамкорӣ, фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, ҳамкории консулӣ ва осонсозии рафтуомади шаҳрвандонро баррасӣ карданд.
Дар шаҳри Пекин мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Чжиюан баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд, аз ҷумла фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷойгиршавӣ ва фаъолияти самараноки намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Душанбе ва Пекин, инчунин таҳкими заминаҳои моддию инфрасохтории онҳоро.
Ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкории консулӣ, содагардонии тартиби рафтуомади шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, мубодилаи иттилоот оид ба шаҳрвандон, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади донишҷӯён ва ронандагони нақлиёти боркаш баррасӣ шуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»