Оғози бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Шоми 9 октябр, пас аз бозгашт аз Туркманистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асоси терминали нави байналмилалиро гузоштанд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоми 9 октябр, баъд аз бозгашт аз Туркманистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Фурудгоҳи Душанбе ба бунёди бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа гуфта шуд, ки иншоот бо риояи ҳамаи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта мешавад. Иқтидори терминали нав барои хизматрасонӣ ба 8.5 миллион мусофир дар як сол пешбинӣ шудааст ва муҳлати сохтмон якуним сол муайян гардидааст.
Дар хабар таъкид мешавад, ки сохтмон бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва ҷалби садҳо мутахассиси таҷрибадор анҷом меёбад. Ҳадаф аз бунёди иншооти нав таъмини сатҳи баланди қабул ва гусели мусофирон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикона мебошад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»