Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ ба муносибати оғози расмии «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ» баргузор мешавад


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Ню-Йорк омодагии кишварро барои мизбонии конфронси сатҳи баланд дар Душанбе дар соли 2027 баён кард.
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ ба муносибати оғози расмии «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ» баргузор мешавад.
Хабаргузории «Ховар» навишт, ки 22 сентябр дар Ню-Йорк, дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олии СММ оид ба Иттиҳоди тамаддунҳо Мигел Анхел Моратинос ва ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҷавонон Фелипе Паулйер баргузор шуд.
Вазир аҳамияти ташаббуси Тоҷикистонро оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» барои солҳои 2027-2036 таъкид карда, омодагии Тоҷикистонро барои баргузор намудани конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар соли 2027 ба муносибати оғози расмии ин даҳсола изҳор намуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»