Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ шуд


Дар ҳошияи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии АБНА дар Вена ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Департаменти кафолатҳои агентӣ мулоқот кард.
Дар доираи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ, ки аз 14 то 18 сентябри 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Департаменти кафолатҳои агентӣ вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот вазъи кунунии ҳамкории Тоҷикистон бо АБНА дар самти татбиқи кафолатҳо баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи сари вақт, пурра ва ба таври дахлдор пешниҳод намудани ҳисобот ва маълумоти зарурӣ ба агентӣ ва инчунин тадбирҳои минбаъда барои такмили низоми миллии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроиро муҳокима карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»