Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд


15 октябри 2026 дар шаҳри Боку, дар ҳошияи Саммити 7-уми МҲТБО, Сироҷиддин Муҳриддин ва Виҷита Ҳерат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
15 октябри 2026 дар шаҳри Боку, дар доираи Саммити 7-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ, шуғл дар хориҷа ва сайёҳии Ҷумҳурии Сотсиалистии Демократии Шри-Ланка Виҷита Ҳерат баргузор гардид.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, самтҳои ояндадори рушди ҳамкории минбаъда байни Тоҷикистон ва Шри-Ланка, инчунин густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»