Истиқлол ва адолати судӣ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия


Ба муносибати 26 октябр, Рӯзи кормандони мақомоти судӣ, дар «Ховар» матлабе аз Дилрабо Саидзода нашр шудааст, ки нақши адолат, волоияти қонун ва тақвияти ҳокимияти судиро таъкид мекунад.
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Адолат яке аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи инсонӣ ва муҳимтарин шарти пойдории давлатдории ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва таъмини ҳимояи боэътимоди судӣ на танҳо нишондиҳандаи сатҳи рушди низоми ҳуқуқӣ, балки омили муҳими таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат ва ниҳодҳои он мебошад.
Маҳз дар шароите, ки қонун волоият дорад ва ҳуқуқи ҳар инсон таҳти ҳимояи воқеӣ қарор мегирад, адолат ба арзиши амалии ҳаёти ҷамъиятӣ табдил меёбад. Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ, ки 26 октябр муқаррар гардидааст, мақолаи корманди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Саидзода ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»