Оғози сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нахустин парвози L-410 NG дар Тоҷикистон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябр ба Хоруғ сафар карданд. Ин сафар бо нахустин парвози ҳавопаймои нави L-410 NG ва бозкушоии хатсайри мунтазами Душанбе-Хоруғ ҳамзамон шуд.
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ифтитоҳи як қатор иншоот, мулоқот бо мардум ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ташриф оварданд.
Тибқи иттилоъ, ин сафар бо нахустин парвози ҳавопаймои нави тамғаи L-410 NG аз ширкати навтаъсиси Шоҳин Эйрлайнз ба Хоруғ анҷом ёфт. Ин ҳамчунин аввалин парвоз дар хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Хоруғ мебошад ва минбаъд парвозҳои мунтазами мусофирбарӣ миёни Душанбе ва Хоруғ бо ин ҳавопаймое, ки «Бадахшон» номгузорӣ шудааст, роҳандозӣ мешавад.
Ҳавопаймои L-410 NG маҳсулоти ширкати Aircraft Industries-и Ҷумҳурии Чехия буда, барои 19 мусофир ва 2 сарнишин, бо масофаи парвози то 2100 км ва истифода аз хатти нишасту парвози беш аз 600 м пешбинӣ шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки Шоҳин Эйрлайнз ният дорад бо ин навъи ҳавопаймо парвозҳои дохилӣ миёни шаҳру ноҳияҳои кишварро низ ба роҳ монад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»