ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Соли ободонию созандагӣ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд


Дар ноҳияи Ёвон дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Дар маркази ноҳия таъмиру таҷдиди гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард оғоз шудааст.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.
Дар ҳудуди ноҳия бунёду навсозӣ, таъмиру таҷдиди садҳо иншооти таъиноти гуногун, махсусан иншооти роҳу нақлиёт вусъат ёфтааст. Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар маркази ноҳия таъмиру таҷдиди гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард оғоз гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»