Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд


27 ва 28 октябри 2026 дар Боку машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор шуд. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сулаймон Султонзода иштирок кард.
27 ва 28 октябри 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид. Дар кори он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иштирок намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, табодули таҷрибаҳои пешқадам ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмон баррасӣ шуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»