Сафари кории Президенти Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳринав ва боздид аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ


13 октябр Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварда, аз маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ боздид кард ва як қатор иншооти онро мавриди истифода қарор дод.
Дар ҷараёни сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон бинои «Кохи наҷот»-ро ифтитоҳ намуда, аз осорхонаи он дидан кард. Пас аз он 16 иншооти дигари муҳими марказ, аз ҷумла маркази таълимии кинологӣ, маркази идоракунии машқгоҳ, машқгоҳи таълимию амалӣ, паноҳгоҳи мудофиаи гражданӣ, шаҳраки муваққатӣ, хобгоҳҳо, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, гармхонаҳо, варзишгоҳ ва ҳаммом тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин бинои нави таълимӣ бо 20 ҳуҷра ва синфхонаҳои махсус, инчунин бинои омодасозии ғаввосон бо ду ҳавзи шиноварӣ боздид ва муаррифӣ гардид. Дар идома бинои қабули меҳмонон, толорҳои мулоқот, ҷойҳои истиқоматӣ ва дигар имкониятҳои марказ шарҳ дода шуд.
Президенти Тоҷикистон иншоотро барои баланд бардоштани малакаи касбии наҷотдиҳандагон муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки шароит, беҳтар кардани омодасозии амалӣ ва таҳкими корҳои таълимию тарбиявӣ дастуру тавсияҳо дод.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»