КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд


Марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 имрӯз, 17 октябр 2026 оғоз мешавад. «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба мусобиқот ворид мешаванд.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 имрӯз, 17 октябр 2026, оғоз мегардад. Чемпиони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими гузашта, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барои роҳ ёфтан ба марҳалаи навбатӣ муборизаро оғоз мекунанд.
Дар гурӯҳи «В», дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо бошгоҳи «Наҷмеҳ»-и Лубнон вомехӯрад. Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе дар назар аст.
Дар гурӯҳи «С», дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Кувайт бо бошгоҳи «Гоа»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад. Бозӣ соати 18:25 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»