Дидори губернатори Хуросони Разавӣ бо раиси Донишгоҳи байналмилалӣ ва сайёҳии Тоҷикистон


Рӯзи чоршанбе 2026-10-21 Ғуломҳусейн Музаффарӣ, губернатори Хуросони Разавӣ, бо Убайдуллоҳ Асрорзода, раиси Донишгоҳи байналмилалӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, мулоқот ва гуфтугӯ кард.
Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури гурӯҳе аз раҳбарони вилояти Хуросони Разавӣ баргузор шуд, тарафҳо аз бахшҳои гуногуни донишгоҳ боздид намуда, бо имкониятҳои донишгоҳи сайёҳӣ шинос шуданд. Ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ байни вилояти Хуросон ва Тоҷикистон дар самти иқтисоди сабз ва рақамӣ, таъсиси боғҳои илмӣ ва фанноварӣ, табодули донишҳои фаннӣ ва касбӣ, мубодилаи таҷрибаи меҳмондорӣ, ҳамкориҳои таълимии байнимактабӣ ва анҷом додани пажӯҳишҳои муштарак дар соҳаи сайёҳӣ табодули назар карданд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон