Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Муҳаммадризо Арaф дар дидор бо Михаил Мишустин зарурати татбиқи ҳокимияти Эрон бар танги Ҳурмузро барои таъмини амнияти кишвар таъкид кард. Мишустин ҳамлаи низомии ИМА ва Исроил ба Эронро маҳкум намуд.
Доктор Муҳаммадризо Арaф, муовини аввалини президенти Эрон, дар мулоқот бо Михаил Мишустин, нахуствазири Федератсияи Русия, бо ишора ба таҳаввулоти минтақа ва ҳамлаи низомии ИМА ва режими саҳюнистӣ ба Эрон гуфт, ки ин амр ҷузъе аз нақшаи калон барои заъиф кардани кишварҳои мустақил аст.
Арaф таъкид кард, ки Эрон барои ҳифзи амнияти худ роҳи дигаре ҷуз татбиқи ҳокимият бар танги Ҳурмуз надорад ва афзуд, ки дар доираи ҳокимияти Эрон убури амн ва сулҳомези киштиҳои кишварҳои дӯст аз ин тангӣ мумкин аст. Вай ҳамчунин аз эҳтимоли табдил шудани Баҳри Каспий ба маркази нави ноамнӣ ҳушдор дод ва рушди бандарҳо ва роҳҳои пайвасткунандаро аз авлавиятҳои Эрон донист.
Нахуствазири Русия низ дар ин дидор равобити Теҳрон ва Маскавро бар пояи ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ арзёбӣ карда, ҳамлаи низомии ИМА ва Исроил ба Эронро шадидан маҳкум намуд ва бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар таъкид кард.
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»