Мулоқот бо Муҳаммадризо Ориф, Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

Хулоса ва заминаи хабар
19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадризо Ориф, Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуданд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки иштироки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар фаъолияти ин созмон муҳим аст.
Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳо ва муколамаи пайвастаи сиёсӣ миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд қаноатмандӣ баён карданд. Ҳамчунин ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Васеъ намудани номгӯи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштарак низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Тақвияти минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву башарӣ муҳим шумурда шуд. Дар ҷараёни суҳбат як қатор мавзӯъҳои рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ низ баррасӣ гардиданд.
