Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
17 октябри 2026 марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 оғоз мешавад. «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозии аввалини худро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдӣ анҷом медиҳанд.
ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 оғоз мегардад. Чемпиони Тоҷикистон — дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими гузашта — «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мубориза барои роҳ ёфтан ба марҳалаи навбатии мусобиқа оғоз мекунанд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар гурӯҳи «B» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо бошгоҳи «Наҷмеҳ»-и Лубнон вомехӯрад. Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе дар назар аст.
Дар гурӯҳи «C» бошад, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Кувайт бо бошгоҳи «Гоа»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад. Бозӣ соати 18:25 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»