23 октябри 2026, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 ду бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Қатар мегузаронад.
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 ду бозии дӯстона баргузор мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифони дастаи Тоҷикистон ҳамсолонашон аз Қатар хоҳанд буд. Вохӯриҳо 24 ва 27 октябр дар шаҳри Давҳа баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026, ки дар Қатар баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) вомехӯрад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»