Дидори ҳайати иқтисодии Хуросон бо сафири Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе


Гурӯҳе аз муовинон ва мудирони вилояти Хуросон ва ҳамчунин тоҷирон ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии Эрон, ки барои иштирок дар ҳамоиши «Сармоягузории Хатлон 2026» ва боздид аз намоишгоҳи байналмилалии сохтмони Тоҷикистон «Точбилд 2026» ба Душанбе омадаанд, бо Алиризо Ҳақиқён мулоқот карданд.
Шоми шанбеи 2 ноябри 2026, як гурӯҳ аз муовинон ва мудирони вилояти Хуросон ва ҷамъе аз тоҷирон, бозаргонон ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии кишвари мо, ки барои иштирок дар ҳамоиши «Сармоягузории Хатлон 2026» ва боздид аз намоишгоҳи байналмилалии сохтмони Тоҷикистон «Точбилд 2026» ба шаҳри Душанбе сафар кардаанд, дар бинои сафорат меҳмони Алиризо Ҳақиқён, сафири Эрон дар Тоҷикистон, буданд.
Дар ин нишаст, ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд. Ҳақиқён бо шарҳи равандҳои рӯ ба рушди равобити ду кишвар, бахусус дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат, шинохти имкониятҳои бозори Тоҷикистонро муҳим донист ва гуфт, ки бахши иқтисодии сафорат барои ҳар гуна мусоидат ба тоҷирон ва бозаргонон ҳамеша омода аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»