19 октябри 2026 дар Масқат сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Саид Сауд ибни Ҳилол ибни Ҳамад Ал-Бусаидӣ, вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон, мулоқот кард.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умонро дар соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва ҷавонон баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои таҳкими робитаҳо байни муассисаҳои соҳавии ду кишвар, табодули таҷриба ва дониш, боло бурдани сатҳи ихтисоси мутахассисон ва ба роҳ мондани ҳамкории мустақим байни сохторҳои дахлдор мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин таҳия ва имзои санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва варзиш ва густариши робитаҳоро тавассути сафарҳои расмии роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ баррасӣ карданд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»