Дар Беларус чорабинии тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд


Дар Беларус ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Беларус чорабинӣ баргузор гардид.
Дар Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус чорабинии тантанавӣ бо иштироки намояндагони дипломатӣ, мақомоти Беларус, доираҳои фарҳангиву илмӣ ва ҳамчунин устодону донишҷӯёни тоҷику беларус баргузор шуд. Дар ин хусус Сафорати Тоҷикистон дар Беларус ба АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Дар чорабинӣ ба аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар дар 35 соли соҳибистиқлолӣ ва самтҳои асосии рушди он таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Иштирокчиён ҳамчунин сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Беларусро баланд арзёбӣ карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»