21 10 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое имзо гузоштанд, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ қабул ва ҷонибдорӣ кардаанд.
Аз ҷумла, Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва «Дар бораи муҳоҷират», инчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳои «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» аз ҳамин ҳуҷҷатҳо мебошанд.
Тибқи хабар, ин қонунҳо ба пешрафти устувору босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, танзими муҳоҷирати шаҳрвандон, рушди соҳибкорӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.
Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»