Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо коррупсия имзо карданд


Дар Сеул ва дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея ёддошти тафоҳум миёни мақомоти зиддикоррупсионии ду кишвар имзо шуд.
16 сентябри 2026 дар Сеул, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, маросими имзои ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо коррупсия баргузор гардид. Ин санад байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи муқовимат бо коррупсия ва ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Корея ба имзо расид.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки густариши ҳамкории судманд ва таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти соҳавӣ дар самти муқовимат бо коррупсия минбаъд ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва коҳиши сатҳи ин падида мусоидат хоҳад кард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»