«Китоби Душанбе». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз 2 ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид


Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи XIV байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз ёфт ва беш аз 2 ҳазор номгӯй китоб аз ҷониби зиёда аз 30 муассисаи нашриявӣ пешниҳод шуд.
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи XIV байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид. Дар он беш аз 30 муассисаи нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар давлатҳо, бо теъдоди зиёда аз 16 ҳазор нусха 2 ҳазор номгӯй китобро барои сокинон ва меҳмонон пешниҳод карданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи XIV байналмилалии «Китоби Душанбе» ҳар рӯз аз соати 09:00 то 17:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, то 24 октябр идома меёбад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон