Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Душанбе 19-10-2026 намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ масъалаҳои вобаста ба Конфронси оби СММ-2028-ро баррасӣ кард.
Дар Душанбе 19-10-2026 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ Халилур Раҳмон мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи минбаъдаи ваколати Раиси Маҷмаи Умумии СММ тибқи қатъномаи A/RES/80/304 оид ба ҷузъиёти Конфронси оби СММ-2028-ро баррасӣ карданд. Ҳамчунин масъалаи таъйини ду кишвари ҳамраис барои машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамоҳангсозии санади ниҳоии конфронс — «Раванди оби Душанбе» (Dushanbe Water Framework), ва баргузории чорабинии сатҳи баланди тадорукотӣ дар моҳи марти соли 2027 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҷониби Тоҷикистон аҳаммияти ҳамкории зичро дар марҳилаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 таъкид намуда, омодагии худро барои ба роҳ мондани ин робитаҳо бо Дафтари Раиси Маҷмаи Умумии СММ изҳор кард. Раиси Маҷмаи Умумии СММ низ омодагии ҷониби худро барои дастгирӣ ва мусоидат ба раванди тадорукоти конфронс баён намуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»