Дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳоро баррасӣ намуд.
Дар шаҳри Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Эдмондо Чириелли мулоқот намуд.
Тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба густариши ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории созанда ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва мутақобили судманди Тоҷикистону Италия изҳор карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»