Дар Ҷидда Акрам Каримӣ, сафир ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ, бо Исмоил валад Шайх Аҳмад, дабири кулли тозаинтихоби ин созмон, мулоқот кард.
Дар шаҳри Ҷидда Акрам Каримӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ, бо Исмоил валад Шайх Аҳмад, Дабири кулли тозаинтихоби Созмони ҳамкории исломӣ, мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ, ниҳодҳои зерсохтории он ва роҳҳои таҳкими фаъолияти муштарак дар доираи ин созмон баррасӣ шуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»