Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми МҲТБО иштирок ва суханронӣ намуданд


15 октябри 2026 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок ва суханронӣ карданд.
15 октябри 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат бо ишора ба вазъи печидаву осебпазири байналмилалӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои амниятӣ, зарурати фароҳам овардани заминаҳои устувори сулҳу суботи пойдорро таъкид карданд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳадаф бояд дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод, волоияти усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳаллу фасли осоиштаи баҳсу ихтилофҳо таъмин шавад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»