ВарзишМанбаи тоҷикӣ
Эълони ҳайати васеи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои иштирок дар «King’s Cup 2026»


Штаби мураббиёни мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаеро барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» эълон кард.
Штаби мураббиёни мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаеро барои иштирок дар 52-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» эълон кард. Ин мусобиқа аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Сисакети Таиланд баргузор мешавад.
Ба ҳайати васеи мунтахаби Тоҷикистон 37 бозигар шомил шудаанд: 4 дарвозабон, 13 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 7 ҳамлагар. Аз миёни онҳо, 24 бозигар ба рӯйхати ниҳоии даста барои иштирок дар мусобиқа дохил хоҳанд шуд.