Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Муовини якуми Президенти Эрон


Қоҳир Расулзода дар Душанбе бо Муҳаммадризо Ориф, Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва афзоиши гардиши савдо то як миллиард долларро баррасӣ намуданд.
Душанбе, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро баррасӣ намуда, ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, нақлиёту логистика ва дигар самтҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ҳамчунин зарурати андешидани тадбирҳои муштарак барои афзоиши гардиши савдои дуҷониба то як миллиард доллар таъкид шуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Эрон изҳори омодагӣ намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»