Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир супорид


Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва ҳамзамон дар Алҷазоир, 20 октябри 2026 дар шаҳри Алҷазоир нусхаи эътимодномаи худро ба Аҳмад Аттоф тақдим кард.
20 октябри 2026 дар шаҳри Алҷазоир Акрам Каримӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, нусхаи эътимодномаи худро ба ҳайси Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир бо қароргоҳ дар Риёз ба Аҳмад Аттоф, Вазири корҳои хориҷӣ, ҷамъиятҳои миллӣ дар хориҷ ва умури африқоии Алҷазоир супорид.
Баъд аз маросим масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Алҷазоир ва роҳҳои густариши онҳо баррасӣ шуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»