Дар Душанбе масъалаҳои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории бахши хусусӣ ва диверсификатсияи савдои хориҷӣ баррасӣ шуданд.
Душанбе, 24.09.2026 / АМИТ «Ховар» /. 21 сентябр Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо Мушовири бахши тиҷоратию иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ ва диверсификатсияи савдои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин баргузории Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» ва нишасти Гурӯҳи кории Шурои кории Созмони ҳамкории Шанхай оид ба нақлиёт ва логистика, ки 19-21 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, муҳокима карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»