Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Дар Ашқобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ шуд


Дар Ашқобод Нурмахмад Ахмадзода ва Гуванч Агаҷанов масъалаи густариши ҳамкории ду кишварро дар соҳаи нафту газ муҳокима карданд.
Дар Ашқобод мулоқоти директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмахмад Ахмадзода бо муовини Раиси Кабинети Вазирони Туркманистон оид ба соҳаи нафту газ Гуванч Агаҷанов баргузор шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории байни Тоҷикистон ва Туркманистонро дар соҳаи нафту газ баррасӣ карданд. Дар хабар тафсилоти дигар оварда нашудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»