Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шудани 20 иншоот дар ноҳияи Рӯдакӣ

Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
19-10-2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншооти дигарро низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Пас аз ифтитоҳи бинои тозабунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар маркази ноҳия, хобгоҳи сеошёнаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони гунг ва деркаршударо ва меҳмонхонаи Сомониёнро ба истифода доданд. Ҳамчунин 4 иншооти соҳаи маориф, беморхонаи минтақавии 30-катӣ, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, бинои истиқоматии хизматии дуошёна барои 8 оила ва чанд лоиҳаи обтаъминкунӣ ва обу корез дар деҳаву шаҳракҳои ноҳия ба истифода дода шуданд. Илова бар ин, истгоҳи барқии дорои тавоноии 16000 кВт ва 3 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи дорувории «Таж фарма» ва корхонаи хиштбарорӣ, ба фаъолият оғоз карданд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон