Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
15 October 2026 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт Субайҳ Ал-Мухайзим мулоқот кард.
Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, дар мулоқот ба нақши муҳими Тоҷикистон дар ташаккули захираҳои обии минтақа, имкониятҳои кишвар дар истеҳсоли неруи барқи обӣ ва саҳми он дар истифодаи ҷаҳонии манбаъҳои тозаи энергияи таҷдидшаванда ишора шуд.
Ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»