23 октябр дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» бо иштироки олимону муҳаққиқони дохилу хориҷ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид кард, ки таваҷҷуҳи хосса ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» барои тавсеаи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, тарбияи олимони нав ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар хабар гуфта мешавад, ки сарватҳои табиӣ дар рушди саноат, болоравии тавоноии истеҳсолӣ ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд. Яке аз самтҳои дигари афзалиятноки форум омӯзиши хатарҳои геологӣ ва роҳҳои коҳиш додани таъсири онҳо ба аҳолӣ, инфрасохтор ва иқтисодиёт буд.
Иштирокчиён ҳамчунин масъалаҳои рушди илмҳои геологӣ, дастовардҳои таҳқиқоти геологию геофизикӣ, сохтори геологии минтақаи Осиёи Марказӣ, арзёбии захираҳои маъданӣ ва роҳҳои коҳиш додани хатари офатҳои табииро баррасӣ карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»