Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
19 октябри 2026 дар Самарқанд, дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида дар қолаби C5+1, мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо котиби давлатии ИМА баргузор шуд.
19 октябри 2026 дар шаҳри Самарқанд, дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби C5+1, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ намуда, ҳавасмандии худро ба таҳкими шарикии дуҷониба, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор доштанд.
Ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва таҳкими субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»