Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанг ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ карданд


19 October 2026 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд. Дар иншоот 130 ҷойи корӣ ва толори 700-ҷойӣ пешбинӣ шудааст.
19 October 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншоот бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст. Дар он 130 ҷойи корӣ таъсис ёфта, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди фаъолият муҳайё гардидааст. Қасри фарҳанг дорои толори 700-ҷойӣ ва 50 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон мебошад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»