Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд

Хулоса ва заминаи хабар
22 October 2026 дар Батуми Сироҷиддин Муҳриддин бо Мака Бочоришвили масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.
22 October 2026 дар шаҳри Батуми, дар доираи вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Мака Бочоришвили баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, ба татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
