Баррасии таъсиси Маркази миллии иттилооти зондкунии фосилавии Замин дар Душанбе


Дар мулоқоти мақомоти алоқаи Тоҷикистон бо намояндагони China Great Wall Industry Corporation масъалаи густариши ҳамкорӣ дар технологияҳои кайҳонӣ, зондкунии фосилавии Замин ва истифодаи маълумоти моҳвораӣ баррасӣ шуд.
Дар Душанбе масъалаи таъсиси Маркази миллии иттилооти зондкунии фосилавии Замин ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои кайҳонӣ дар мулоқоти Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ҷао Чунчао, муовини ширкати China Great Wall Industry Corporation (CGWIC), ва дигар намояндагони роҳбарикунандаи ин ширкат баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар истифодаи технологияҳои муосири кайҳонӣ ва маълумоти моҳвораӣ табодули афкор намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»