Сафири Тоҷикистон дар ИМА бо ёвари махсуси Президент ва директори калони Шурои амнияти миллии Амрико масъалаҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ кард.
Душанбе, 2026-10-08. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо ёвари махсуси Президент ва Директори калони Шурои амнияти миллии Амрико оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Майкл Ҷеремия мулоқот намуд.
Ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико, тавсеаи муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ ва ИМА» (C5+1)-ро муҳокима карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»